Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданФақат ба дастам,
Куҷо равам ман?
Бе дута поям
Куҷо давам ман?
Духтури амма,
Ягон даво кун?
Мисли қадима
Маро бапо кун!
Аз ногирой
Намо халосам.
Аз пеши мошин
Дигар натозам.
Агар битозам,
Гӯям чӣ ҳол кун?
Аз таги поям
Ғарчӣ укол кун!
Духтури шафқат
Дилаш бисӯҳтаст.
Ду почаи нав
Ба вай бидӯҳтаст.
Хирсаки Бахмал
Бапо шуда боз.
Аз шодӣ кардаст
Дав-даву тоз-тоз.
Аммо пас аз ин
Гӯшаш кашидаст.
Дар раҳи мошин
Ҳеҷ надавидаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё