Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа
Дар куҷо бошад
Роҳи дари он?
Вертолёт овард
Манори оҳан.
Часпид бар кор
Мардуми чоҳкан.
Дар шаби торик,
Дар рӯзи равшан,
Замин шикофад
Пармаи оҳан.
Парма шикофад
Замини заранг,
Ҳосилаш аммо —
Регу гилу санг.
Сад теппаи рег
Парма шикофид.
Нест нафту газ,
Ҳаст як умед.
Ҳаст як умед
Андар дили кас.
Аз чоҳи охир
Фаввора зад газ.
— Ура! — бигуфтанд, —
Ана, кабудзар!
Аз оташи газ
Даргирифта абр.
— Эй, қубуркашон,
Биёед ба кор!
Конҳои нав
Моро интизор!
Қубуркаш омад
Аз Ленинобод
— Ин ҷо мекашем
Газопровод.
Оташи дилат
Бидеҳ, регистон,
Гарм то шавад
Хонаи инсон!
Қубур қашиданд
Рада ба рада,
Газро рабуданд
Дар қубур зада.
Шуд дар регистон
Фабрику завод.
Шаҳри кошифон
Номаш — Нуробод.
Шаҳри почадор
Шаҳри кошифон,
Сӯи кони нав
Боз шуд равон.
Шаҳри нав равон
Баҳри ҷустуҷӯ.
Конҳои нав
Интизори ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё