Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Чи-чикунон,
Пи-пикунон
Гуфто ба он ду додарон:
— Бар очаам Қуи Сиёҳ
Мегӯям ин кори шумо.

Буд рӯи об оинавор,
Бузголаҳо пас бовиқор

Карданд бар рӯяш назар,
Душоҳ диданд тори сар,

Дучашм гӯй чун шарар
Дугӯш чун ду гӯши хар.

Пиндоштанд ин ду нафар
Худро худи ду шери нар.

Ду додар
Баробар
Ғазал хонда: ҳай, ла-ла!
— Ту куҷо,
Як биё,
Э, гурги даҳаняла!

Мо — калон!
Мо — малон!
Яъне, шудем таккашоҳ!

Аз моён
Гурезон
Баччаи Қуи Сиёҳ!

Алояк,
Булояк,
Машғули ғазалхонӣ.

Аз куҷо
Шуд пайдо
Сагбаччаи чӯпонӣ.

— Алоҷон,
Булоҷон,
Ҳамроҳатон равам-чӣ?
Бовафо,
Гапдаро
Посбонатон шавам-чӣ?

— Беадаб,
Бесабаб
Чӣ ғами мо мехӯрӣ?
Гурез, ки
Яктогӣ
Шохат занем, мемурӣ!

Сагбачча
Дар кӯча

Бечора монд дилкашол.
Алояк
Булояк
Ҳарду рафта бемалол.

Бузако
Бепарво
Мечариданд дар дара,
Баногоҳ
Шуд пайдо
Як ҷонвари сесара.

Худаш бӯр,
Рангаш зӯр,
Сихбурути сесара,
Ду чашмаш
Чун оташ,
Дандонҳояш пас арра.

Сесара
Дар дара
Лесид аввал лабу даст,
Баъди он
Думҷунбон
Ба ду пои худ нишаст.

Ваҳмиданд,
Ларзиданд

пешина
аз 33
навбатӣ