Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа
Бишнида инро гови меш,
Пуччид думи тайлоқи хеш.
Аспи талон бо пои худ,
Зад нихтае бар тои худ,
Гуфто, ки Гӯсфанд, э ҷигар,
Бар ман писар бошӣ агар,
Пурзӯр гардӣ ҳар қадар,
Шоҳат барояд тори сар,
Тарсад зи ту ҳар муштипар,
Аз худ нарав, ҷони падар!..
Дар соҳили дарёи Нур
Дар домани кӯҳи Булӯр,
Ду додарак рӯзи дигар
Омад бари модар, падар,
Аз шодӣ бигрист Очабуз,
Аз Ҷумъабозор он рӯз
Оварда тоқиву чапон,
Пӯшонд ӯ бар Сагҷаҷон,
Бар дигарон дод ӯ қурут,
Чаппотиву талқони тут,
Аз сар ҳама беғам шуданд,
Дилшоду хотирҷамъ шуданд.
Танҳо дадошон — Таккашоҳ
Гардида буд ҳолаш табоҳ
Ҳарчанд дилаш бедоғ монд,
Аммо сараш бешоҳ монд,
Дар соҳили дарёи Нур,
Дар домани кӯҳи Булӯр,
Бар дидани бузғолаҳо
Ман ҳам бирафтам, ҷӯраҳо.
Ман ҳам бихӯрдам аз қурут,
Чаппотиву талқони тут.
Ин сӯ бирафтам, мост буд,
Он сӯ бирафтам, мост буд,
Ин қиссаи мо рост буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё