Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Генерал гуфт:
— Кас шубҳа мекунад, ки яроқеро аз ҳазорон фарсах бо чӣ азобу машаққатҳо оварда, бо сад ҳилаю тақал ба ҷои дилхоҳатон бурда расонеду боз аз таркиби он бехабар бошед.
— Хоҳ бовар кунед, хоҳ не. Ман хабар надоштам, — бо ҳамон оҳанги соддалавҳона мегуфт Билдинг.
Бо супориши генерал Билдингро ба кабинети махсус бурда, лентаеро ки ба он озмоиши мина акс ёфта буд, бо аппарати кино намоиш доданд...
Биёбони васеи беканоре то ба домани уфуқ тӯл кашидааст. Ҳама атроф хомӯш. Ногоҳ дар дуродур, дар канори биёбон гунбази оташине аз замин барчаст. Аз репродуктор гумбурроси даҳшатангезе шунида шуд. Гунбази оташин ба осмон печид ва ба қадри боло рафтанаш ҳавои атрофи он сӯхта гӯё ба фавчи хокистари сап-сафед мубаддал мегардид. Ҳамаи ин ҳодиса дар як он ба вуқӯъ омад. Дар сонияи дуюм гӯё замин пораю гард-гард шуд ва абрҳои тираи чангу хоку хокистар ба фалак печида, сар то сари биёбонро фаро гирифт. Экран торик шуд, садои мудҳиш аз карнаи радио ҳамчунон гулдуррос мезад...
Чароғро даргиронданд. Ранги рӯи «Чиян» ранги мурда барин сафеди кабудҷатоб буд. Ӯ ёрои гап задан надошт.
Майёр Сафаров нисфи шаб акнун омодаи хоб шуда меистод, ки ёрдамчии генерал телефон карда, ӯро ба идора ҷеғ зад.
Баробари ба кабинет ворид шудан Сафаров аз нигоҳи сардор пайхас рафт, ки сирри боқимонда ҳам дигар ошкор шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё