Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
дарозе дар ҳамин ҳолат начунбида нишаст, хокистари папиросаш андаке ба поён хам гардида, овезон шуда меистод. Ногоҳ майор ба Комилов рӯй оварда гуфт:
— Чархҳои мошинро аз назар гузаронед, ба он шояд чизе халида бошад, — ӯ ин гапро бо оҳанге мегуфт, ки гӯё худаш ба он чархҳо ягон чиз халонида бошад.
Дар воқеъ, Комилов аз чархи рости пеш ду мехи тези сараш кӯфта пачак кардашударо кашида баровард.
— Ба чизҳои ғун кардаатон ҳамроҳ кунед, — гуфт Сафаров.
Комилов боз хиҷолат мекашид. Ӯ худро дар назди Сафаров чун кӯдаки гӯли лаванд ҳис мекард, ки майнааш заррае ҳам кор намекунад, ҳамин қадар нишонаҳои он воқеаи ғамангезро дидаю дониста, ягон хулосаи дуруст набаровардааст.
Майор аз авзои ёрдамчиаш пай бурда, шӯхиомез гуфт:
— Инҳо ба мехи оддӣ холабача ҳам намешаванд, Алиҷон. Онҳоро чунон ки шикорчӣ ба сари роҳи сайдаш дом мегузорад, касе дар ин ҷо қасдан мондааст... Хайр, биёед, боло бароем-канӣ.
Бошандагони деҳа пароканда шуда буданд. Лекин Шавкат ва Пётр Степанович ҳамчунон дар сари роҳ мунтазир меистоданд. Майор онҳоро дида, афсӯс хӯрд, ки бармаҳалтар ҷавобашон надодааст.
— Ба коратон равед, раҳмат, — гуфт ӯ ба ҳар дуи онҳо. — Агар лозим шавад, даъват мекунем.
Пётр Степанович ба майор, аз афташ, чизе гуфтанӣ буд, аммо боз аз нияташ гашта, саросема шуда монд.
— Раҳмат! — хитоб кард ӯ бемаврид ва ба Шавкат рӯй овард: — Ҳай кун, рафтем!
Шавкат акнун мошинро ба роҳ андохта буд, ки Пётр Степанович онро нигоҳ дошту сарашро аз кабина бароварда, аз Сафаров пурсид:
— Рафиқ майор, агар худамон ягон чиз фаҳмем, бе даъват биёем мешавад?
— ХУБ мешавад, марҳамат, омадан гиред! — гуфт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё