Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фарз кардем, ки яке ба ронанда, дигаре ба кассир тааллуқ дорад. Пас, сеюмаш аз они кист? Ба ин тӯда капитан як порча матои осмониранги рах-рах ва як тугмаи на чандон калони сиёҳро мондааст. Охир айнан ҳамин гуна тугмаҳо ку дар тӯдаи якум буданд, чаро ин яктоашро ҷудо гузошт ӯ?

Комилов тоқат карда натавониста савол дод:
— Пас ин латтапора ва ин тугма аз они кист?

Чобиров китф дар ҳам кашида гуфт:
— Дар ин ҳодиса яқинан шахси сеюм низ иштирок доштааст.

— Охир, ҳамаи ин тугмаҳо якранганд-ку? — ба ҷӯш омада мегуфт Комилов.

— Бале, якранганд, — бо тамкин шарҳ медод капитан, — лекин якташ — куртаи кассир ҳамагӣ чор тугма дошт, ки яктоаш дар худи курта боқӣ мондааст. Агар инро ҳам ҳамроҳ кунем панҷто мешавад, яъне зиёд мешавад.

— Раваду аз эҳтиёт як тугмаро дар кисааш гирифта гашта бошад? — исроркорона мепурсид Комилов.

— Инро аклам намегирад, — эътироз намуд капитан. — Ғайр аз ин, диққат кунед, ин латтапора на ба ронанда тааллуқ дорад, на ба кассир.

Дақиқае хомӯшӣ ба миён омад. Сафаров, ки то ҳоло баҳси ёрдамчиёнашро оромона гӯш карда менишаст, латтапораи рах-рахро ба даст гирифта, бо пурбин ба он зеҳн монда нигарист ва онро боз ба рӯи стол гузошта, хулосаи худро изҳор намуд:

— Фоҷиа, ба ақидаи ман, ин тавр рӯй додааст, — гуфт ӯ. — Чархи рости пеши автомобил ба мех бархӯрда, аз бод холӣ мешавад. Мошин аз роҳ мемонад. Шофер аз кабина берун меояд, то ки илоҷи ин воқеаро кунад. Кассир ҳам мефарояд, ки ба ҳамроҳаш кӯмак намояд. Дар ин асно ҷинояткорон аз ҳамгашти роҳ баромада ва бо ҳамдигар чак-чаккунон бо қиёфаи роҳгузари холис ба мошин наздик мешаванд. Онҳо, аз афти кор, ду нафар буданд.

— Чаро маҳз ду нафар? — бо тааҷҷуб пурсид Комилов.

— Чунки як кас камӣ мекунад, се кас зиёдӣ. Се кас дар ҳақиқат ҳам боиси шубҳа мегардад. Шумо, Аличон,

пешина
аз 102
навбатӣ