Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоними бечора қариб аз ақл бегона шуда буд. Свифт ӯро танҳо намегузошт, ки худро ягон кор накунад.

Рӯз шаб шуд ва шаб боз рӯз шуд, аммо аз ҷангалбон ҳамон дарак набуд...

Сайёҳон ба наздиктарин деҳа расида, воқеаро арз карданд. Ба ҷустуҷӯи Оливер Билдинг бо мошину заврақу асп одами бисёре фиристода шуд. Дар рӯи дарё ҳатто як вертолёт ҳам пайдо буд, ки меҳмони хориҷаро ҷустуҷӯ мекард.

Баъди ду рӯзи ба вуқӯъ омадани фоҷиа дар хеле масофа аз ҷангал дар соҳили дарё ҷасади шахси ғарқшударо ёфтанд. Ҷасад дар об варам карда, рангаш нофармон гашта, ба дараҷае расида буд, ки шинохта намешуд. Вале ҳар чанд лойқа пахш карда бошад ҳам, костюми спортии Оливерро шинохтан мумкин буд. Дар ангушти ишорати дасти чапи марҳум ангуштарини тилло ҳамон ҷило медод. Бале, ин ҳамон ангуштарин буд, ки хоними сиёҳбахт рӯзи никоҳ дар дасти шавҳараш аввалин маротиба дидааст.

Ҳама ба хоними мусибатзада ҳамдардӣ изҳор мекарданд, аммо дарди ҷавонзанро дармоне набуд.

Элен бо маслиҳати Свифт талаб кард, ки иҷозат бидиҳанд, то ҷасади шавҳарашро ба ватани худ барад ва дар назди хешовандонаш ба хок биспорад. Иҷозат доданд, ёрмандии ҳам карданд. Элен ҷасади Оливер Билдингро ба тобути тунукагин андохта, ба ватанаш бурд.

Баъди ин воқеа шӯре буд, ки рӯзномаҳои ватани Элен барангехтанд. Онҳо хавфу хатари сайёҳатро дар Иттифоқи Советӣ ба ҳазор мақом ва обуранг тасвир мекарданд. Аз паси ин воқеа Чек Свифт давлати калонеро соҳиб шуд. Вай ким-кадом даҳшатҳои аз сар «гузарондаашро» бо маҳорати беназире тасвир карда, исбот менамуд, ки «дӯсти ӯ, сардори ширкати каучуки сунъӣ Оливер Билдинг тӯъмаи коммунистон шуд».
Свифт аз дами ҳалокат базӯр халос шудани худаш ва хоним Элен Билдингро низ бо тафсилоти том ба қалам медод.

...Дар бешазори назди Аштархон бошад, ҷангалбони нав таъин шуд. Василий Васильевич Качанов охир

пешина
аз 102
навбатӣ