Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ду тараф гуфтаанд, — илова намуд муаллима ва ҳамчунин бо навозиши модарона табассум карда, хайрухуш намуд.

Баъди як дақиқа Комилов бо котиби комитети шаҳрии партия вохӯрӣ менамуд.

— Аҳволҳо чӣ тавр? Қори нав маъқул? — мепурсид котиб.

Ба ҳамин қарибӣ Алиҷон дар комитети шаҳрӣ дар зери дасти ҳамин одам инструктор шуда кор мекард. Бо қарори бюро ӯро ба кори органҳои бехатарии давлат фиристода буданд.

— Раҳмат, — ҷавоб медод Комилов, — аҳвол ҳам хуб, кори нав ҳам маъқул.

— Кӯшиш кунед, Алиҷон, коркуни хуб шуда гиред, мо ҳам фахр мекунем. Охир шуморо ба ин кор комитети шаҳрии партия тавсия кардааст!

— Кӯшиш мекунам.

Лейтенант то гузашта рафтани қатори мошинҳо дар канори кӯча сабр карда истоду баъд ба тарафи дигар гузашт. Ҳар қадар ӯ ба бинои банк наздик шавад, қиёфааш ҳамон қадар андешаманд ва ҷиддитар мегардид.

Рӯзи аввали ба кори нав омаданаш майор Сафаров гуфта буд:

— Дар ин ҷо ҳам шумо бо одамон сарукор хоҳед дошт, рафиқ Комилов. Лекин минбаъд ба шумо одамони мураккаб зиёдтар вомехӯранд. Одамро шинохтан, дилу нияти онро фаҳмида гирифтан басо душвор аст, аммо омӯхтан лозим, касби мо ҳамин.

— Ҳаракат мекунам, — ба сардори нав низ ҳамин хел ваъда дода буд Алиҷон:

Ана имрӯз бояд аз санҷиши якум мустақилона гузарад.

Сардори банк муддарои Комиловро бо диққат гӯш кард. Вай одами қадбаланди серрагупае буда, ба мӯи сар ва абрувонаш сафедӣ афтода буд. Нақли лейтенант ӯро тамоман моту мабҳут намуд.

— Шумо беҳтараш бо Воронцова гуфтугӯ кунед, — гуфт сардори банк баъди муддате фикр карда истодан ва розигии Комиловро гирифта, котиби худро фармуд, ки кассир Воронцоваро даъват кунад.

пешина
аз 102
навбатӣ