Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
барои пул овардан равад, ҳеҷ гоҳ бе аслиҳа намерафт, Дирӯз майор Сафаров низ ҳамин тавр гуфта буд. Лекин аҷиб, ки дар ҷои воқеа на таппонча ёфт шуд, на ғилофаш ва на ягон нишонии дигаре аз он...
Ҷобиров бо шофероне ки кассир одатан ҳамроҳи онон сафар мекард, як-як гапзанон кард. Биссёрии онҳо мегуфтанд, ки Собиров ҳамеша дар чорраҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Пушкин, дар наздикии банк аз мошин фаромада, ё ба шипанги тобистонаи ресторан, ё рост ба тарафи банк равон мешуд...
Пётр Степанович Бевзюк капитанро ба хонааш ба наҳорӣ таклиф кард. Ҷобиров қабул намуд. Пётр Степанович, аз афти кор, чандон боварӣ надошт, ки капитан таклифи ӯро қабул хоҳад кард. Бинобар ин хурсанд шуда, пешакӣ ба узр гуфтан даромад, ки наҳорӣ, мутаассифона, он қадар ҳам табъи дил нахоҳад шуд, чунки занаш ба Украина ба назди хешовандонаш рафтааст.
— Ҳеҷ гапе нест, — гуфт Ҷобиров, — ман ҳам чандон зуккахӯр нестам.
— Ман баъди ним соат омада шуморо мебарам, — гуфт Пётр Степанович ва тозон ба хонааш рафт. Албатта, дар зарфи ним соат ба ифоқа овардани намуди хонае ки як моҳ боз рӯи ҷорӯбро надида буд, амри маҳол аст. Бинобар ин Ҷобиров ба хона даромадан замоно чашмаш ба чанги ғафси чорчӯбаҳои тиреза, тортанакхонаи паҳлуи чевон, тӯдаи либосҳои чиркини зери кат афтод.
Пётр Степанович меҳмони худро ба сари миз даъват намуд. Дар рӯи миз консерваи моҳибирьён, помидори реза карда, котлети пухтагӣ ва сарди аз мағозин овардашуда ва як шиша арақ муҳайё буд.
Бевзюк даҳони шишаро яла кард.
— Ман наменӯшам, — огоҳ кард Ҷобиров.
— Чаро?
— Дар вақти кор хуб нест.
— Э афсӯс, — гуфт Бевзюк, — танҳо менӯшидаам-дия...
Ҷобиров ба сари синааш ишора карда гуфт:
— «Иллати дил дорам» гуфта будед-ку?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё