Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
котиби худ фармуд, ки то даме ки онҳо сӯҳбат мекунанд, ба кабинет касеро даромадани намонад.
Ҳар ду ба диван нишастанд.
— Хуб шуд, ки худатон омадед, — гуфт инженер.— Ман акнун ба назди шумо рафтани будам.
Ҷобиров ба рӯи ҳамсӯҳбаташ саволомез чашм дӯхта, давоми сухани ӯро нигарон шуд.
— Ман ҳавотир, ки ҳалокати Воҳид ва Гриша мабодо бо супориши ман вобаста бошад,— андаке истиҳолакунон гуфт Восеев.
— Чӣ гуна супориш? Ба кӣ?— пурсид капитан.
— Ба Собиров як супориш дода будам. Лекин, гуфта монам, мо чунон оҳиста гап мезадем, ки шунидани ягон каси беруна аз имкон берун буд.
Ҷобиров хоҳиш намуд, ки Восеев ҳамаи чизи медонистагиашро муфассал ҳикоя карда диҳад.
Восеев ва Собиров ҳанӯз дар аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронт бо ҳам дӯст шуда буданд. Баъди чанд соли ҷудоӣ онҳо боз дар кон бо ҳамдигар вохӯрданд. Восеев зан ва ду фарзанд дорад. Воҳид бошад, ҳанӯз муҷаррад буд ва ҳамроҳи модараш мезист. Онҳо ба хонаи якдигар рафтуомад доштанд. Восеев ба ҳимояи диссертацияи докторӣ тайёрӣ медид. Собиров афсӯс мехӯрд, ки дар вақташ таҳсилро давом надод, чанд сол умраш беҳуда гузашт. Вай акнун, аз тирамоҳи ҳамин сол ғоибона хондани буд. Ҳуҷҷатҳояшро ҳам тахт карда буд.
Восеев дар ҳамкорӣ бо инженер Боронов усули нави коркарди як маъдани нодирро кашф намуд. Фақат як масъала ҳал ношуда монда буд, ки баъди ҳалли он кашфиётро ба истеҳсолот ҷорӣ кардан мумкин мегардид. Онҳо шабу рӯз фикр мекарданд, даҳҳо маротиба таҷриба гузаронданд, вале натиҷаи матлуб ҳамчунон ба даст намеомад. Иттифоқо Восеев бо як кори бисёр муҳим ба шаҳр рафта буд, ки ҳалли дурусти масъала ба хотираш расид. Ин гуна ҳолат ба сари ҳар кас ҳам меояд. Вақте ки махсус дар бораи кори худ фикр мекунед, гӯё ба майнаатон ҳеҷ фикри тоза намеояд. Аммо ҳангоме ки саратон бо хаёлу андешаи дигар банд аст, ногоҳ фикри аҷоибе пайдо мешаваду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё