Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар назди камера ба ӯ якбора ду борбардори вокзал, ки пешдоманҳои чармин пӯшида, ба сари синаашон лаъличаҳои рақамдор овехта буданд, хизмати худро таклиф намуданд. Вале мард бо ишораи сар фаҳмонид, ки ба ӯ ёрманди лозим нест. Ба назди камера омада, коғазеро ба дарича дароз кард. Аз мардак ҳаққи хизматро гирифта, ба ӯ як чамадони нахурду на калони чилдореро доданд.

Мард чамадонашро ба рӯи харак гузошта, аз ҷайби шимаш калидчаеро баровард ва қулфро яла кард. Баъд гӯё чизеро дар чамадон ҷустуҷӯ мекарда бошад, чизҳои дар он ҷо бударо даст-даст карда дид.

— Рафиқ, шумо ба ҳамин поезд савор шуданиед? — пурсид хизматчии камераи чизнигоҳдорӣ Пётр амак сари худро аз дарича андаке берун карда.

— Ҳа, ба ҳамин поезд, — бо дили нохоҳам ҷавоб дод марди наврас.

— Ин хел бошад, чаққонтар ҳаракат кунед, ки чор дақиқа вақт мондааст, — гуфт Пётр амак. Дар оҳанги сухани ӯ ранҷиш ҳис карда мешуд.

Марди қаддароз миннатдорӣ изҳор карда, чамадонашро аз нав қулф намуд ва саросема ба роҳ даромад. Аммо ӯ ба майдони назди вокзал баромада, ба тарафи перрон тоб нахӯрду баръакс ба дасти рост гашт. Мардак бо қиёфаи шахси серкор ба қатори дарози магазину дӯконҳои рангоранги пасту баланду хурду калон эътиборе надода, қадам мезад.

Ба истгоҳи таксӣ расида, яке аз мошинҳои нав омадаи холиро савор шуду ба шаҳр равон шуд. Таксӣ дар кӯчаҳои шаҳр хеле вақт давр зада, охир дар назди як бинои баланди пешаш бо қаторсутунҳо ва аркҳо оро дода шуда қарор гирифт. Дар ҳамаи ин муддат марди наврас ҳарфе назада, дар нишастгоҳи ақиби мошин менишасту гӯё аз тамошои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва мардуми он лаззат мебурда бошад, ба фикр фурӯ рафта буд.

Ниҳоят ӯ ҳаққи таксиро дода, ба даромадгоҳи он бинои бузург дохил шуд ва дақиқае нагузашта, аз он тарафи бино ба рӯи ҳавлӣ баромад. Аз рӯи ҳавлӣ ба кӯчаи дигари ҳамшафат роҳ буд. Мард чамадони худро

пешина
аз 102
навбатӣ