Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
мехобид. «Меҳмон» ба ҳавои нафастангкунандаи кулба, ки аз омехтаи бӯи дуд, арақи бадан, сабзавоти пӯсида ва зарфҳои ношуста пайдо шуда буд, заррае эътибор надод.
— Депутат фиристод, — гуфт ӯ ва ҷамадони худро ба фарши тахтабандӣ гузошт.
— Ба ман хабар дода буданд, нигарон будам.
— Хотирҷамъист?
— Ҳо, осуда бошед.
Меҳмон ба сӯи дар ишора намуд ва мӯйсафед чизе нагуфта, аз кулба берун шуд. Меҳмон каме тавакқуф намуда, баъд ҷамадонашро болои кат ниҳод. Онро кушода аз таки даста-даста либосу саҷоку рӯмолҷаю ҷуробҳо термоси хитоиро баровард. Меҳмон таки термосро тофта, ҷудо карда, термоси аз даруни он передатчики майдаякро гирифту ба батарея ва сими антенна пайваста, гӯшакҳои онро ба сараш гузаронд. Муддате ба соаташ нигоҳ карда нишаст. Ниҳоят садои шартиро шунида, ба рӯи коғаз бо қалам чанд қатор рақамҳоро навишта гирифт. Дастони ӯ дар ин лаҳза чунон чобукона ва аниқ ҳаракат мекарданд, ки гӯё тамоми умр рақамнависиро машқ карда бошад. Сонӣ худи меҳмон ҳам ким-чӣ калимаҳоеро бо аппарат ба мавҷҳои ҳаво фиристода, боз чанд сония гӯш карда навишт. Баъди ҳамаи ин аппаратро ғундошта, ба ҷояш гузошту аз ҷамадон як чизи сиёҳи шалғамшаклеро гирифта ба ҷайбаш андохт. Рақамҳои навиштаашро бори дигар бо диққат ҳиҷҷа карда, коғазро сӯзонд ва хокистари онро тит карда партофт.
Вақте ки пирамард вориди кулба шуд, меҳмонаш дар рӯи кат оромона нишаста, папирос мекашид. Чамадони ҷилддор дар як гӯшаи кулба мехобид.
«Тағою» «ҷиян» ба ҳамдигар маънидорона нигоҳ карда гирифтанд.
— Пагоҳ арӯс меояд, — гуфт меҳмон калимаи «арӯс»-ро бо оҳанги махсус талаффуз карда. — Рақами як ё ду мошинро мегӯяд. Дар ёд доред, зинҳор нанавишед.
Пирамард бо ишораи сараш фаҳмонид, ки аз мақсад пай бурдааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё