Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ПУЛИ МАЙДА ДАР ХОКИСТАРИ ПОРИНА

Сафаров дигар эътимоди комил пайдо карда буд, ки ҷавонзани китобфурӯш Волощук ва домоди навомадаи ӯ маҳз ҳамон одамонеанд, ки онҳо ҷустуҷӯяшон мекунанд.

Сафаров амр дод, ки бошандагони квартираи 17-умро ба зери назорат гиранд. Шояд боз ягон шарики онҳо ошкор шуда монад.

Майзор аз Комилов ба воситаи телефон номи Ҳотамбой Ҳомидовро шунида хост, ки ҷои истиқомат ва кори ин одамро муайян кунад, зеро Насимро аз Баландтеппа ба касалхонаи шаҳр маҳз ҳамин мӯйсафед оварда буд. Вай акнун ба шӯъбаи адресҳои милиция телефон кардаӣ буд, ки Суриков даромада омад. Лейтенант бе ҳеҷ муқаддима дар бораи қаровули пири шаробхӯр нақл кард.

Соатҳои дуи шаб Ҷобиров аз кон омада, кори анчом додаашро арз намуд. Дар охири нақлаш вай ҳам номи Ҳотам Ҳомидовро ба забон гирифт.

Гӯё нӯки риштаҳои муаммо пайдо мешуд. Ҳотамбой Насимро савоб гӯён аз Баландтеппа ба касалхона оварда монда буд, аммо маълум шуд, ки Насим Насим набудааст. Ин як.

Передатчики номаълум бори нахуст аз қарибиҳои вокзал садо бароварда буд. Анбори ангишт дар наздикии вокзал воқеъ гаштааст ва Ҳотамбой Ҳомидов дар ин анбор қаровул. Ин ду.

Дар байни ангиште ки ба кон бурдаанд, мина ёфт шуд. Шавкат мегӯяд, ки ин кори ҳамин мӯйсафеди беимон асту бас! Чунки ба ҷуз ӯ каси дигаре ба самосвали Шавкат наздик наомадааст. Ин се.

Ба ин се далел нақли лейтенант Суриков ҳам илова шуд.

Агар Насим заҳр хӯрда худро намекушт, албатта кор ранги дигар мегирифт. Ҳоло маълум нест, ки Насим чӣ гуна одам буд ва дар ин гурӯҳ чӣ мавқее дошт? Ин масъаларо ҳам танҳо ҷавоби Ҳотамбой Ҳомидов ҳал карда метавонад.

Бо супориши майор Ҳотамбойро баъди торик шудани ҳаво аз хонааш дастгир карданд. Сафаров бо

пешина
аз 102
навбатӣ