Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Минаро ба шумо «ҷиянон» дода буд!
Ҳотам дар ҷои нишастааш як қад парид.
— Передатчикро ҳам «Ҷиян» оварда буд, — суханашро давом дода гуфт майор.
Пирамард акнун ба як гӯшаи кабинет чашм дӯхта чизе намегуфт.
— Ман дар аввали гуфтугӯямон таъкид карда будам, ки агар рости гапро гӯед, ба худатон сабук мешавад.
Пирамард ба такяи курсӣ хастаҳолона пушт дода гуфт:
— Ман одами пир ҳастам. Бисёр монда шудам...
— Ба савол ҷавоб диҳед!
— Хайр, майлаш. Лекин ростгӯии маро ба инобат гиред... Ҳамон шаб ба қаровулхона «Ҷиян» омада буд. Ман бори аввал ӯро ҳамон шаб дидам. Ба ҳурмати худо, бовар кунед... Акбар аз омадани ӯ хабардор будааст, аммо Акбар мехост, ки ҳуҷҷати махфии конро то омадани ӯ ба даст дарорем. Лекин... ҳа, ин тарафи воқеаро ман навакак гуфтам. Боз чӣ гӯям?.. Мақсади «Ҷиян» дигар будааст, вай дар хусуси ҳуҷҷатҳои кон ягон калима напурсид. Вақте ки минаро медод, аз нияташ пай бурдам. Ман он сабилмондаро нагирифтанӣ будам, гражданин майёр, аммо ӯ ба ҷону ҳолам намонда, ба дастам қаппонд...
— «Ҷиян» ҳоло дар куҷост? — мобайни гапи пирамардро шикаста пурсид Сафаров.
— Намедонам.
— Гуфтам, ки гарданшахӣ фоида надорад.
— Ба худо, ки намедонам, ана рӯ ба ҷониби қибла нишастаам...
Ин дафъа Ҳотамбой аз таҳти дил қасам мехӯрд. Эҳтимол, «Ҷиян» бевосита бо Акбар алоқа дошту фақат дар мавридҳои бағоят зарурӣ бо Ҳотам мулоқот мекард.
— Афту андоми «ҷиянон» чӣ гуна аст?
Пирамард гӯё дар ҷавоби ин савол душворӣ мекашида бошад, чинҳои пешониашро боло бароварду дақиқае тааммул карда, баъд дилу нодилон гуфт:
— Одами навчаи лоғар. Афту андомаш аз они ҳама барин, ман чи хел ба шумо фаҳмонам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё