Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Насим наменамояд?
— Ман ҳам имрӯз надидаам, — ҷавоб дод Лиза.— Эҳтимол хоб кардагист. Охир шабҳо бедорхобӣ мекашад.
— Агар бинед, гӯед ки як ба пеши ман ояд, — хоҳиш намуд Волощук.— Ҷон, дугонаҷон, аз ёдатон набарояд. Камтар китоб ҳаст, ҳамонро ба хона бурда диҳад.
Дар вақти ҳисобӣ боз гуфт:
— Худатон чаро намеоед, дугона? Ман барои шумо як романи олампаноҳ эҳтиёт карда мондаам. Фақат ишқу муҳаббат. Мазза мекунед... Хайр, Лизаҷон, Насим аз ёдатон набарояд.
Баъди пешин ҳавоси Тосяхон торафт парешон мешуд, чунки аз Насим ҳамчунон дарак набуд. Охир ҳам тоқаташ тоқ шуда, дӯконро аз маҳалаш ним соат барвақттар басту ба назди Лиза шитобид.
— Лизаҷон, Насимро нагуфтед-ку?
— Охир, надида бошам, чӣ хел мегӯям?
— Наход? Куҷо шудааст ӯ?
— Киро мепурсанд? — гуфта мудири зал, ки аз воқеаи имшаба огоҳ буд, ба гап ҳамроҳ шуд.
— Насимро мепурсанд, — эзоҳ дод Лиза.
— Насим нест, ҳамроҳи директор рафт, — гуфт мудири зал.
— Куҷо рафт?
— Ба колхоз, барои сабзавот.
Тосяхон «хайр, раҳмат» гӯён табассуми латифе карду аз ресторан баромада рафт.
Ба дили ҷавонзан оташ афтода буд.
Вай ба хонааш равон шуд. Ба хона даромада, баъди муддате ҳамроҳи «домод»-и худ дар кӯча пайдо шуд. Онҳо аз зери бағали якдигар гирифта, бо қиёфаи оромона чақ-чаккунон сайр мекарданд. Ба кинотеатр омада билет гирифтанд ва то занги сеюм дар гӯшае истода, сониян ба зали тамошо дохил шуданд.
Аз байн тақрибан ду соат гузашту тамошо ба охир расид. Мардум аз зал баромаданд, вале Тосяхон танҳо буд: «домод» ба куҷое ғоиб шуда буд.
Волощук бо хотири парешон ба хона баргашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё