Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Забони авоми тоҷик забонест, ки вайро оммаи тоҷик фаҳмад, дар ҷумлабандӣ, дар ташбеҳҳо, дар киноя ва истиораҳо, дар зарбулмасалҳо ва дар дигар бобатҳо хусусият ва рӯҳи забони тоҷик риоя карда шуда бошад.
Садриддин Айнӣ

Дар забони зиндаи халқ чунин хазинаҳо ҳастанд, ки пур аз дурдонаҳои пуркимат мебошанд.
Садриддин Айнӣ

Ба фикри ман, дар кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ бисёр эҳтиёт кардан, аммо чизҳои нагзи онро аз назар нагурезондан лозим аст.
Садриддин Айнӣ

Адабиёти хаттии форсизабон аз охири асри IX ва аввали асри X дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ ва мадании мамлакатҳои гуногуни Шарқи наздик ва миёна васеъ паҳн мешавад. Забони форсӣ на фақат барои мардуми тоҷик ва форс, инчунин барои халқҳои гуногуни ин нуқоти Шарқ — курдҳо, афғонҳо, ҳиндуҳо, мардуми туркзабони Озарбойҷон, Осиёи Хурд ва Мовароуннаҳр дар ибтидои асрҳои миёна (ва аксаран баъдтар ҳам) забони асосӣ ва забони асосии (ва ҳатто ягонаи) адабиёти хаттӣ ба шумор мерафт.
Бобоҷон Ғафуров

Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбиэронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла, унсурҳои забони портиро ҳазм менамояд ва билохир, дар ин забон аломату хусусиятҳои бисёр лаҳҷаҳои ғарбиэронӣ бо ҳам омезиш меёбанд.
Бобоҷон Ғафуров

пешина
аз 30
навбатӣ