Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба забони тоҷикӣ дар асрҳои 9-10 адабиёти бой ба вуҷуд оварда шуд. Ба забони адабии тоҷик лаҳҷаҳои Хуросону Осиёи Миёна асл гардиданд. Забони адабии тоҷик ташаккул ёфта, бо он забон шоҳасарҳои оламшумули адабиёти тоҷику форс навишта шудаанд.
Бобоҷон Ғафуров

Дар ҳаёти таърихию маданӣ ва адабии халқҳои Эрон ва Осиёи Миёна роли нисбатан муҳимро забоне бозидааст, ки дар сарчашмаҳо бо номи «забони порсӣ» ё «забони форсӣ» оварда мешавад. Бо ин забон эҷодиёти даҳонакии халқ бе шакку шубҳа, ҳеҷ гоҳ (ҳатто дар замони истилои арабҳо ҳам) қатъ нашудааст.
Бобоҷон Ғафуров

...Ин забон дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадааст. Таърихи он на ин ки аз давраи истилои араб, балки аз асри 6 пеш аз милод шурӯъ мегардад, ки ин иддаоро ёдгориҳои хаттӣ тасдиқ менамоянд.
Бобоҷон Ғафуров

Забони адабиёти классикии тоҷику форс дар ҳудуди Мовароуннаҳр, Систон, Хуросон ташаккул ёфтааст.
Бобоҷон Ғафуров

Зебоии забон, ҳусни он, рехтагии он, ифоданокии он бояд дар саҳифаҳои китобҳои мо акс ёбад. Забонро халқ меофарад ва нависанда бояд ба халқ тароват ва ҳусни забонашонро нишон диҳад.
Мирзо Турсунзода

Забони мо хеле устувор аст, ки имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз нусхаи аслиаш мутолиа мекунем.
Мирзо Турсунзода

пешина
аз 30
навбатӣ