Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа
Дар миёни шоирони даригӯй бо сомеа тафриқа наметавон гузошт. Зеро шеъри Ҷомӣ ва назми як шеърбоф яксон мутантан садо медиҳад. Дарӣ каломи гуворо ва фирабост.
Олжас Сулаймон
Забони шоирони форсӣ (тоҷикӣ) бо ҳар калима, ба ҳар ҳиҷо ва тобишҳои руҳпарвари худ дар толори бузург дили сомеонро ба хурӯш меовард, аз чашмҳо барқи шодӣ мепарид, дар чеҳраҳо ваҷду нишот хонда мешуд (дар асоси баромади М. Турсунзода)
Олим Кешоков
Хушсадоӣ ва хушоҳангӣ, ки аз қадим хоси назми Шарқ аст, низ хоси назми Мирзо Турсунзода буда, мисли манораиҳои Самарқанд дар сатҳи биёбон баланд ба назар мерасад.
Олим Кешоков
Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ
Қанд ҷӯй, панд ҷӯй, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Форсӣ гӯй, дарӣ гӯй варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯҳиҳои дибарам
Дӯст медорам варо.
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо!
Мӯъмин Қаноат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё