Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин агар аз як тараф ба боду ҳаво, хусусиятҳои табиии ҷойгиршавии замину об, ҳосилхезӣ, давомнокии фаслҳо вобаста бошад, аз тарафи дигар ин омили иҷтимоӣ, аз қабили урфу одат, тарзу усули зиндагонии мардум ба фаъолияти таърихию авлодии мардуми тоҷик вобаста мебошад.

Аз ин хотир, дар ислоҳоти замин ва рушди соҳибкорӣ проблемаи басо мушкил тадқиқоти омилҳои иҷтимоию этникӣ ва табиию географӣ дар шароити Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳодисаҳои солҳои 1990-1992 ва таҷрибаи 15 соли хоҷагидории мустақил нишон доданд, ки ба муқобили ин омилҳои номбаршуда ташкил кардани соҳибкорӣ поянда намебошад. Бинобар асоси равишу равнақи соҳибкориро бояд масъалаи иҷтимоӣ ташкил диҳад. Мол ва тарзи истеҳсоли он бояд дар шакле сурат гирад, ки дар Тоҷикистон пояи иҷтимоӣ дошта бошад, яъне бевосита ба истеъмолкунанда равона карда шавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои истеъмолкунандагони дигар давлат баровардаи ашёи хом ва ё истифодаи қувваи кории дигар давлат нодуруст мебошад. Таҷрибаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки урфу одат ва шакли фаъолияти хоҷагидорӣ 1000 солаҳо аз насл ба насл гузашта омадааст. Мисол, аз уҳдаи парвариши ангур ва зардолу мардуми вилояти Суғд ва себу боғдорӣ водии Рашт дар Тоҷикистон хуб мебароянд. Ё таҷрибаи солҳои шӯравӣ гувоҳ аст, ки фақат мардуми кореягӣ ё қазоқ ба шоликорӣ ё пиёзкорӣ машғул буданду халос, ҳол он ки ҳама бояд пахта истеҳсол мекарданд.

Шароити макроиқтисодии рушди соҳибкорӣ ва менеҷмент низ дар он ҳолат пайдо мегардад, ки раванди номбаршуда дар аксарияти соҳаҳо асоси кории мо бошад.

Дар 3-5 соли охир дар Тоҷикистон оид ба истеҳсолоти сохторӣ, ки барои фаъолияти босамари иқтисоди бозорӣ зарур мебошад, як қатор чорабиниҳо гузаронида шудааст.

Кӯшишҳои ҳукумат тибқи созишнома бо Фонди асъори ҷаҳонӣ дар бораи «Механизми маблағгузории густурдаи ислоҳоти сохторӣ» ки дар соли 1999 номи «Механизми рушди иқтисод ва паст бурдани камбизоатӣ»-ро гирифтааст, як қатор масоили рушди соҳибкориро ҳал намуд. Дар натиҷа аз соли 1997 шурӯъ карда болоравии иқтисод ва каме беҳтар гардонидани некӯаҳволии мардум муяссар шуд.

пешина
аз 522
навбатӣ