Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
давлат, системаи андозу андозситонӣ ва кӯмаки маблағҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ба ин соҳа вобаста аст. Аз ин рӯи маълумоти имрӯза сохторҳои иқтисодӣ қариб 17 намуди андоз месупоранд. Дар мамлакати тараққикардаи ИМА бошад қариб 30% даромади буҷаи давлатиро даромадҳои маблағсупорӣ барои истифодаи замин ва қариб 18%-ро ренраи замини кишоварзӣ ташкил мекунад, аммо дар Тоҷикистон андозситонӣ аз замин аз нигоҳи мо нокифоя мебошад. Андози замин дар ҳама соҳаҳо бояд ба миқдоре бошад, ки самаранокии истифодаи захираҳои заминро таъмин карда тавонад.
Муаммои муҳиме, ки имрӯз садди роҳи соҳибкорӣ ва инкишофи менеҷмент мегардад, нокифоя будани хизматрасонии бонкӣ мебошад. Дар ноҳияҳо сохтори бонкдории мамлакат ба талаботи соҳибкории хурд ҷавобгӯ нест. Дар натиҷа имрӯз зиёда аз 50% корхонаҳо қариб аз хизматрасонии бонкӣ дур мондаанд ва аксари амалиётҳои ҳисоббаробаркунии онҳо берун аз бонк бо пули нақд сурат мегирад, ки ин боиси кам нишон додани даромадҳо ё дигар қонунвайронкуниҳо гашта, дар натиҷа ба буҷаи давлатӣ маблағ кам ворид мегардад. Барои пешрафти ин соҳа, хуб мешуд, ки бонкҳои махсуси қарздиҳӣ кушода шавад.
Проблемаи дигари соҳибкории кишоварзӣ ин ногувории вазъи экологӣ ва шӯразоршавии минтақаҳои алоҳидаи замини кишоварзӣ, инчунин, нарасидани об дар баъзе минтақаҳои обёришаванда мебошад.
Ҳар сол дар кишвар фақат аз ҳисоби шӯрии замин то 100 ҳазор тонна ва аз ҳисоби баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ зиёда аз 120 ҳазор тонна пахта ба даст дароварда намешавад ё худ аз ҳар гектар соҳибкорон ба маблағи 1093 сомонӣ зарар мебинанд.
Ҳамчунин дар вақти лозимӣ нарасидани об барои обёрии зироатҳо боиси 40-50% кам гаштани ҳосил мегардад. Бинобар ин агар имрӯз ба ҳосилнокии зироатҳои ғалладона назар кунед ба ҳисоби миёна 12-15 сентнер/га, пахта 17-20 сентнер/га-ро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳосилнокии потенциалӣ хеле кам мебошад.
Мисол, аз рӯи маълумотҳои идораи тадқиқоти сифатии ҶТ ҳосилнокии потенциалии миёнаи ғалла 65 сентнер/га, пахта 40 сентнер/га, шолӣ 69,4 сентнер/га-ро ташкил мекунад, аммо таҳлили кишоварзон нишон медиҳад, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор