Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бозомӯзии мутахассисон сарф намояд. Барномаи таълимии кадрҳо бояд талаботи замонавиро таъмин карда тавонад. Дар Тоҷикистон дар курсҳои махсуси тайёркунии мутахассисон маблағҳои зиёде сарф мешаванд, аммо натиҷаи зарурӣ намедиҳад, пеш аз ҳама бо сабабҳои номувофиқ будани барномаҳо ба шароити имрӯзаи корхонаҳо ё ин ки бозомӯзии шахсоне, ки синну солашон аз 60 боло мебошад. Мувофиқи тадқиқотҳо ва таҷриба ҳар як дониши нави иқтисодӣ баъди 3-5 сол кӯҳна мешавад.

Агар мо ба модели ҷопонии истеҳсолот назар афканем, ҳанӯз 25-30 сол пеш онҳо аз системаи техникӣ ба одамон рӯй овардаанд. Мисол, аз 1 сомонии маблағгузоришуда 65%-аш фақат барои баланд бардоштани савияи дониши коргарон, роҳбарони идоракунанда равона карда мешавад. Ба ақидаи онҳо рақобати озоди оқилона, ки дар асоси кордонии баланди менеҷмент ташкил мегардад, ягона нишонаи пешравӣ ва тараққиёт мебошад.

Агар пешравӣ набушад, мо дар кадом ҳолати хубе ҳам қарор надошта бошем, дигарон аз мо пеш мегузаранд. Мардуми Ҷопон қариб 300 сол то аввали солҳои 1900-ум аз дигар давлатҳо ҷудо зиндагӣ мекарданд, аммо баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ва проблемаҳои вазнини баъдиҷангӣ тавонистанд, ки аз пешниҳоду кашфиётҳои хубу нави дигар давлатҳо истифода карда, тадқиқот кунанд. Имрӯз аз 10 бонки калонтарини ҷаҳонӣ 7-тоаш бонкҳои ҷопонӣ мебошад, зиёда аз 50% истеҳсоли киштиҳои ҷаҳониро Ҷопон истеҳсол менамояд. Дар миқдори ками замини кишоварзӣ, тахминан 4 млн. гектар, на танҳо зиёда аз 125 млн аҳолии худро таъмин мекунад, балки аксари маҳсулотро ба хориҷ мефурӯшад. Афзоиши иқтисодӣ ба ҳисоби миёна 4-5% -ро ташкил мекунад.

Як хусусияти хоси пешравии Ҷопон дар системаи маориф ва тайёрии касбии мутахассисон мебошад. Ҳар сол ба ҳисоби миёна дар Ҷопон баробари ИМА муҳандисон тайёр карда мешаванд ва қариб 90% ҷавонон маълумоти миёна мегиранд. Дар мактабҳои миёна ба фанҳои математика, табиатшиносӣ ва забон аҳамияти калон дода мешавад. Дар аз мактаби миёна системаи таълим чунин ташкил карда шудааст, ки кӯдакон аллакай банақшагириро аз худ мекунанд. Сифати дигари мактабачагони ҷопон интизомнокии онҳо ва конкретӣ будани рафтори онҳо мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ