Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Чанде баъд соли 1940 равоншиноси амрикоӣ А. Маслоу талаботи инкишофи башариро аз ду зина:

  1. Зинаи ибтидоӣ.
  2. Зинаи бадастовардашуда.
    Ба талаботи ибтидоӣ эҳтиёҷ ба хӯрок, об, гармӣ, оиди талаботи иҷтимоӣ сухан гуфтан, дониш андӯхта худро нишон додан дохил мешаванд, ки оид ба ҳар як раванд мо дар қисмҳои аввали китоби мазкур хеле муфассал гуфта гузаштаем.

Инсон танҳо дар мавриди дарки талабот хоҳиш пайдо мекунад, ки худро таъмин гардонад. Баъд аз ин боз ҳавасмандӣ ба хоҳиш ба миён меояд, аммо ҳавасмандӣ ҳамон вақт фаъол мешавад, ки агар инсон барои ба даст овардани хоҳиш боварӣ ва қувват дошта бошад. Оид ба ҳар як зинаи талабот мо дар мавзӯъҳои гузашта пурра ва муфассал гуфтаем.

Тарафдорони ин консепсия равоншиносии амрикоӣ А. Маслоу, Ф. Герсберг, Д. Мак Клеманда мебошанд.

Маълум аст, ки системаи иҷтимоии ҳар як ҷомеаро шахсони алоҳида ташкил медиҳанд. Бинобар ин, сифатнокии системаи иҷтимоии ин ё он ҷомеа, давлату миллат ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза шахсони алоҳидаи ин система инкишофёфта мебошанд, яъне саводнок буда, саломатии хуб доранд.
Чунин меъёрро ҳанӯз дар замонҳои Юнони қадим меъёр ва қоидаи иҷтимоӣ номида буданд. Дар Рими қадим бошад, давлатро ҳамчун сохтори ҷамъиятӣ, системаи тартибот, қоида, ташкилот дониста, мақому мавқеи одамонро муайян мешинохтанд.

Файласуф Афлотун ташкилоти сиёсиро ҳамчун «механизми таъминоти талаботи одамон медонад, ки он талабот ба хӯрок, либос ва ҷои зист, инчунин, тиҷорат, хизмат дар сохторҳои ҳарбӣ, корҳои давлатӣ ва санъат» мебошад, аммо ин институтҳоро одамон оҳиста-оҳиста бо манфиатҳои хусусӣ истифода карда, баргалат шаклҳои давлатдории императорӣ, шоҳӣ ва дигарро ҳамчун системаи тобеи шахсиятҳо ё худ атои аз Худо пешниҳодшуда муаррифӣ намуданд.

пешина
аз 522
навбатӣ