Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
БОБИ 41
ТЕСТҲОИ САНҶИШӢ
ТЕСТИ 1
Нишондиҳандаҳои дар тест овардашуда имкон медиҳанд, ки Шумо бартарӣ ва камбудии кордонии худро муайян намоед.
Ба саволҳо ҷавоб дода, аниқ созед, ки ба кадом масъалаҳо бояд диққат диҳед, то ба муваффақиятҳо ноил гардед.
Ҷавобҳои Шумо
① Ҳеҷ гоҳ -1 хол
② Баъзан вақт -2 хол
③ Аксар вақт -3 хол
④ Доимо -4 хол
Холҳои гирифташударо ҷамъ карда, худатон баҳоиятонро аз охири тест муайян менамоед.
-
Ман доимо қобилияти хешро таҳлил карда, андеша мекунам, ки чӣ тавр онро истифода менамоям.
① ② ③ ④ -
Ман нақшаи дарозмуддати вази-фагирии хешро тартиб дода, вобаста ба зарурият онро аз нав дида мебароям
① ② ③ ④ -
Ман масъалаҳои шиносро ҳал карда, ба масъалаҳои ношинос бо боварӣ назар карда, аз рӯи донишам онро ҳал менамоям.
① ② ③ ④ -
Ман ҳамаи имкониятҳоро ба назар мегирам, ҳатто агар онҳо таваккали калон низ дошта бошанд.
① ② ③ ④ -
Ман тамоми қобилияти зеҳни-амро истифода карда, пешравиро ба нақша мегирам
① ② ③ ④ -
Ҳар гоҳ, ки ба ман ёрӣ лозим шавад, ман онро аз дигарон хоҳиш менамоям.
① ② ③ ④

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор