Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

соли 400 - уми то милод бо кӯшиши Архити Тарентӣ, ки чун олими шинохтаву арбоби давлатӣ мақому мартабаи хос дошт, аввалин ҷиҳоз ё дастгоҳи парвозии «Кабутар» сохта шуд, ки ду ҳазор метр парвоз мекард. Ин ибтидои фатҳи фазову само дар даврони қадим буд ва танҳо баъди 2500 сол - дар асри XX, бинобар пешрафти илму техника ба воқеияти муқаррарӣ табдил гашт. Дар ин фосила ҳазорҳо кӯшишҳои расидан ба ин мурод ба нокомиҳо рӯ ба рӯ буд.

Тавре ки дар маъхазҳо омадааст, чароғи парон (чароғ бо болопӯши коғазӣ) ё курраи ҳавоии бо ҳавои гарм пуркардашуда ҳанӯз дар асри сеюми то милод дар Хитойи қадим истифода мешуд. Соли 559 дар шоҳигарии Вэйи шимолӣ (Хитой) аввалин одам дар бодпарак парвоз кард. Соли 852 дар хилофати Кордоваи Андалусия (Испанияи ҷанубӣ), дар замони ҳукмронии амир Абдураҳмони II (Умавиҳо) олим ва ихтироъкори араб Аббос Фарнас (Армен Фирман) матоъро ба чорчӯба кашида, асбобе чун чатр сохт ва аз манораи Масҷиди Бузург ба поён парид. Пас аз 25 сол Ибни Фарнаси 65-сола ин ихтирои худро такмил дода, аввалин делтаплани идорашаванда сохт ва бо он даҳ дақиқа парвоз кард.

Аз ин пас, Эймлери Малснберӣ (асри XI) асбоби

пешина
аз 275
навбатӣ