Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ФУРУДГОҲ – МАКОНИ ОРЗУҲО
«Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» (ФБХ) дар байни чор фурудгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат ва ҳаҷми хизматрасонӣ баъд аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ҷои дуюм қарор дорад. Он дар баландии 436 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Фурудгоҳи Хуҷанд дорои як хати парвозу фурудоӣ бо дарозии 3200 метр мебошад. Парвозу фурудоии ҳавопаймоҳо аз ду самти хати парвозу нишаст ба амал бароварда мешавад. Аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд ба талаботи дараҷаи 1 ИКАО мутобиқ буда, аз рӯи таснифот дараҷаи 4Е -ро соҳиб аст. «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» соли 1994 мақоми байналмилалиро соҳиб гаштааст. Он шабонарӯзӣ амал мекунад ва имконоти хизматрасониро ба дилхоҳ навъҳои тайёра доро мебошад.
Масоҳати умумии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 246,8 гектарро ташкил дода, 12 га дарахтзор, 13 га буттазор, 41,34 га иморату иншоот ва 180 га майдони аэродром – хатти парвозу фурудоии сунъӣ, роҳҳои гардиши ҳавопаймоҳо, перрон ва истгоҳи ҳавопаймоҳо мебошанд.
Дар доираи татбиқи «Лоиҳаи Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё