Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

АЭРОВОКЗАЛИ ТАҶДИДГАРДИДА

Пас аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонӣ масоҳати бинои нави аэровокзал васеъ ва техникаву таҷҳизоти хизматрасонӣ нав карда шуда, бо иқтидори хизматрасонӣ ба 400 - 500 мусофир дар як соат хизмат мерасонад ва барои қабулу гусели мусофирон шароити беҳтарин муҳайё гардидааст. Техника ва таҷҳизот аз қабили дастгоҳҳои рентгенӣ барои муоинаи бағоҷи мусофирон, мониторҳо барои инъикоси вақти фуруду парвози хатсайрҳо, мизи кории бақайдгирии замонавӣ, инчунин як қаҳвахона бо ҷиҳози лозимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Дар аэровокзал рамзҳои ишоравӣ барои мусофирон дар ҷойҳои зарурӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) насб шудааст. Хонаи модару кӯдак, маркази маълумотдиҳӣ барои мусофирон муҳайё мебошад. Дар ошёнаи дуюми аэровокзали нав ба намояндагони ширкатҳо, мақомоти гумрук ва дигар ташкилотҳои ҳамкор ҳуҷраҳои корӣ бо тамоми ҷиҳози лозимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтаанд, то ки мусофирону меҳмонони хориҷӣ аз он истифода бурда, маълумоти заруриро пайдо намоянд.

Дар фурудгоҳ инчунин толори VIP барои

пешина
аз 275
навбатӣ