Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Феликс де Ла Круа Дю Тампл соли 1874 сохтаанд.
Дар солҳои 1882 - 1884 ҳавопаймоҳои сохтаи Александр Фёдорович Можайский (Россия), Клемент Адера (Фаронса) ва Хайрама Максима (ИМА) гарчи аз сатҳи замин боло рафта бошанд ҳам, имкони парвози собитро надоштанд. Ҳавопаймои идорашавандаи дорои муҳаррики дарунсӯзро 17 декабри соли 1903 амрикоиҳо - бародарон Орвил ва Уибур ихтироъ карданд, ки «Флайер - 1» ном дошт. Ҳавопаймо 59 дақиқа парвоз кард. Баъдан, дар Россия Я. М. Геккел, Д. П. Григорович, В. А. Слесарёв, И. И. Стеглау, И. И. Сикорский намудҳои мухталифи ҳавопаймоҳо ва Б. Н. Юрев лоиҳаи аввалин чархболро ба вуҷуд оварданд. Пешрафт ва дастовардҳои соҳа бо номи Н. Е. Жуковский ва С. А. Чаплигин сахт пайваст аст.
Бояд махсус таъкид кард, ки ба ақидаи мутахассисон такони бузург дар соҳаи сохтани дастгоҳҳои парвозкунанда дар даҳаи дувуми асри XX ба амал омад. Дар ин давра, ғайр аз таъсиси академияву пажӯҳишгоҳҳо ва бюроҳои ҳавопаймосозии А. Н. Туполев, Н. Н. Поликарпов ва Д. П. Григорович ба фаъолият шурӯъ карда, поягузори саноати пуриқтидори ҳавопаймосозии Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд. Ба туфайли ин истеҳсоли ҳавопаймоҳои И-15, И-16, И-153, ДБ-3, АНТ-4, Р-5,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё