Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан
  • 9.03.2023 «Сомон Эйр» амалисозии парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳри Ҷидда оғоз намуд.

  • 23.09.2023 иҷрои парвозҳоро аз Душанбе ба
    Маҳаҷқалъа шурӯъ гардиданд.

  • 4.02.2024 ширкат парвозҳоро аз шаҳри Хуҷанд ба Дубай оғоз намуд.

  • 6.02.2024 аз Хуҷанд ба Ҷидда парвозҳо шурӯъ
    гардиданд.

  • 7.03.2024 нахустпарвоз дар хатсайри Хуҷанд - Истанбул - Хуҷанд иҷро гардид.

  • 2.04.2024 «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона роҳандозӣ намуд.

  • Моҳи апрели соли 2024 ширкати ҳавопаймоии
    «Сомон Эйр» шаҳодатномаи гузариши муваффақонаи
    аудити навбатии IOSA - ро (аудити бехатарии
    амалиётии Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти
    ҳавой - IATA) гирифт. Гузариш аз аудити IOSA ба
    ширкат мақоми интиқолдиҳандаи байналмилалии
    бехатарро медиҳад. Имрӯз IOSA - стандарти ҷаҳонии
    соҳавии аудити бехатарии амалиётии ҳавопаймоҳо
    мебошад, ки барои арзёбии низоми идоракунии
    бехатарӣ, кафолати сифат ва идоракунии равандҳои
    истеҳсолии интиқолдиҳандагони ҳавой пешбинӣ

пешина
аз 275
навбатӣ