Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Гарчанде тамоми омилҳои пешрафти ҳавопаймосозӣ асосан ба ҳавопаймоии ҳарбӣ марбут бошад ҳам, он ба рушди ҳавопаймоии гражданӣ, яъне кашондани мусофирому бор, иҷрои корҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, истихроҷи нафту газ, муҳофизати ҷангалзор, хизматрасонии экспедисияҳо, расонидани хизмати тиббӣ ва санитарӣ, таҳқиқоти илмиву таҷрибавӣ, гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ, маданиву маърифатӣ ва варзишӣ, садамавию наҷотдиҳӣ ва ғайра хеле хуб мусоидат мекард, зеро тамоми дастовардҳои ҳавопаймоии ҳарбӣ ба ҳавопаймоии гражданӣ мутобиқ намуда, комилан мавриди истифода қарор мегирифтанд.

Аз нимаи дуюм - солҳои чилуми асри XX озмоиши муҳаррикҳои фавқуссадо оғоз ёфта, солҳои панҷоҳум тавассути ҳавопаймоҳои МиГ - 19, Як - 25 ва Ту - 16 амалан татбиқ гардид.

Аз соли 1947 ҳавопаймоҳои думуҳаррикаи сохти С. В. Илюшин Ил - 12 ва Ил - 14 ҳавопаймоҳои асосии ҳавопаймоии гражданӣ гардиданд. Дере нагузашта, ба ҷойи онҳо ҳавопаймоҳои реактивии тезсуръату бисёриҷро истифода шуданд. Дар соли 1956 Ту - 104, ки ду муҳаррики турбореактивии пуриқтидор дошт, якумин дар ҷаҳон ҳавопаймои мусофиркашонии

пешина
аз 275
навбатӣ