Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

аввалин бор соли 1918 пайдо шуданд, ки ба мақсадҳои ҳарбӣ истифода мегардиданд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 1920 бо супориши фармондеҳи фронти Туркистон М. Ф. Фрунзе дар Бухорои Нав 11 ҳавопаймои мавҷуда дар як ҷо гирд оварда, гурӯҳи ҳавопаймой ташкил карда шуд. Тавре ки яке аз ҳавонавардони ҳарбии фронти Туркистон дар хотираҳояш овардааст, моҳи июни соли 1924 се ҳавопайморо аз отряди ҳавопаймоии Тирмиз барои мубориза зидди басмачиён ба Душанбе фиристоданд. Ҳавопаймоҳо дар ягона майдончаи нишаст дар маҳаллаи Шоҳмансур фуруд омада, дар он ҷо қарор гирифтанд. Дастгоҳҳои парвозӣ хеле оддӣ буданд ва суръати онҳо аз 140 км дар як соат зиёд набуд.

Мардуми маҳаллӣ дар аввал ҳавонавардони сурхро бо нобоварӣ истиқбол карда, ҳавопайморо шайтонмошина мегуфтанд. Дере нагузашта онҳо бо ҳавонавардон дӯст шуданд.

Тобистони соли 1923 аз Москва ба Осиёи Миёна
барои муайян кардану ҷиҳозонидани хатҳои ҳавой
мутахассисон фиристода шуданд. Моҳи майи соли 1924
дар Москва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо ҷамъияти
ихтиёрии Россия «Добролёт» дар бораи кушодани хати
ҳавоии Тошкент - Пишпек (Бишкек) - Алмаато, Хева –
Бухоро - Душанбе созишнома имзо карданд. Пойгоҳи

пешина
аз 275
навбатӣ