Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» узви Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) гардид, ки ин дастовард дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, малака ва таҷриба бо корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии пешрафтаи ҷаҳон, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ифтитоҳи долонҳои нав, таҷдиди низом ва технологияҳои аэронавигатсионӣ нақши муҳим мебозад.
Имрӯзҳо ба таърихи садсолаи макони болҳои қавии самои кишвар назар андохта мебинем, ки дар баъзе манотиқи Тоҷикистон ҳавопаймо солҳо пеш аз автомобил омадааст ва мушкилкушои мардум гаштаасту дар тӯли ин сад сол барои рушду нумуи соҳа шахсони зиёде заҳмат кашидаанду дар ин даргоҳ тарбия ёфта, ба воя расидаанд. Мо дар бораи ин родмардон дар ин ҷо сухан намегӯем, зеро дар китобе, ки дар даст доред, аз таърих, таҳовул, инкишофи соҳаи авиация, мардони шарифи соҳа, болдорони миллат, заҳмату ҷасорати онҳо гуфта шудааст. Муҳим аз ҳама, ин китоб бо суханони пуркиммат ва бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидааст, ки дар он ба болҳои равони ситораҳои осмони софи Ватан баҳои калон дода шудааст.
Аз фурсати муносиб истифода карда, тамоми кормандони соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистони азизро ба муносибати 100-солагии авиатсияи гражданӣ таҳният гуфта, бароишон боли қавӣ, парвози баланд, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ таманно мекунем.
Ҷашни асри ҳавонавардони ҷасури тоҷик муборак бошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё