Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Таманниёти
Директори Агентии авиасияи гражданӣ ва
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назарзода Ҳабибулло Темур
Кормандони муҳтарами соҳаи авиасия!
Ҳамасола 3-юми сентябр дар кишвари мо Рӯзи авиасияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва имсол он 100-солагиро ҷашн мегирад.
Басо рамзист, ки он ба ҷашни бузурги миллӣ - Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон рост меояд. Мусаллам аст, ки авиасияи гражданӣ соҳаи калидӣ аст, ки фаъолияташ барои қонеъ гардондани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисоди кишвар равона гардидааст. Соҳаи мазкур худ як низоми мураккабест, ки диққати бештарро ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии сифатнок ба мусофирон тақозо намуда, метавонад дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим бозад ва дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар шароити мусоидро фароҳам орад.
Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ҳукумати мамлакат ба хотири рушди соҳаи ҳавопаймоӣ ҳамаи тадбирҳоро амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки соҳаи авиасияи гражданӣ ба яке аз соҳаҳои бонуфуз ва муаррификунандаи обрӯи давлат табдил дода шавад. Пешвои муаззами миллат ҳамчунин таъкид намуданд: «...Яке аз самтҳои муҳими тавсеаи имкониятҳои коммуникатсионии мамлакат соҳаи авиасияи кишвар буда, зиёд намудан ва ҳозиразамон гардондани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ зарур мебошад».
Хушбахтона, маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2017, таҳти рақами 596 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис ёфт, ки ин рӯйдод дар саҳифаҳои таърихи авиатсияи Тоҷикистон бо хати зар сабт гардид.
То имрӯз бо 28 кишвари хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шудааст. Аз ҷумла, кишварҳои ИДМ (Федерасияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон) кишварҳои Аврупо (Фаронса, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия) ва кишварҳои Осиё (Эрон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Кореяи Ҷанубӣ ва Салтанати Умон) мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё