Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ҳавопаймои ҷангии Рашидбек Ахриев ҳадафи тири тӯпи фашистон қарор мегирад ва дар Старая Русса меафтад ва ҳавонавард ҳалок мегардад. Ҳамин тавр, номи ингушписар Рашидбек Ахриев дар таърихи ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳамчун ҳавонаварди нахустин ҳавопайморо дар сарзамини мо фурудтоварда сабт меёбад.
Ҳавонавард Пётр Тихонович Комаров дар давраи ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳамчун бортмеханики ҳавопаймои дар он вақт калонтарин - «Иля Муромец» ва баъдан соли 1919 ба Артиши сурх дохил шуда, дар вазифаҳои масъул хизмат мекунад. Соли 1923 панҷ нафар ҳавонавардони рус барои тайёр кардани кадрҳо аз намояндагони миллатҳои маҳаллӣ ба Осиёи Миёна меоянд, ки П. Т. Комаров низ дар қатори онҳо буд. Вай аввал бортмеханик буд ва баъд ҳамчун ҳавонавард дар бисёр муҳорибаҳои зидди босмачиён иштирок мекунад. Дар хотираҳояш омадааст: ба Рашидбек Ахриеву ман идора кардани ҳавопайморо дар нахустин парвози ҳавопаймо дар хатсайри Тошкент - Бухоро бовар карданд. Баъд боз 3 сентябри соли 1924 ману Рашидбек Ахриев нахустин парвози ҳавопайморо дар хатсайри Бухоро - Душанбе анҷом додем. Заминкани бо қамиш пӯшонида ҳамчун бинои аэростансия хизмат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё