Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
чор сол пеш аз омадани автомобили нахустин нишаста буд. Баъдан вазифа пеш гузошта шуд, ки ба Мурғоб ҳавопаймоҳо парвоз кунанд. Нахустин парвози ҳавопаймо аз Хоруғ ба Мурғоб 6 августи соли 1945 сурат гирифта, дар баландии 3600 метр фуруд омад.
Ҳавонавардони дар диёри кӯҳсори мо аз таҷрибаю душвориҳои гуногуни иқлимию табиӣ ва маҳорати баланди ҳавонавардӣ гузашта, Маврикий Трофимович Слепнев ва Михаил Василевич Водопьянов дар кори аз асорати яхистони Уқёнуси яхбастаи шимолӣ раҳо додани 104 нафар челюскинчиён иштирок намуда, ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардиданд. Онҳо дар шароити мавҷуд набудани ҳеҷ гуна алоқа бо замин ва хизматрасонии обуҳавошиносӣ таҷрибаи фаровон доштанд ва ҳар кори душвору мураккабро бо масъулияти баланд анҷом медоданд.
Ҳавопаймоҳои имрӯза дастгоҳҳои парвозии
мураккаби муҳандисӣ - техникӣ ва дорои асбобу
таҷҳизоти сершумор мебошанд. Кори ин таҷҳизотро аз
вақти дар замин будан сар карда дар тамоми марҳилаи
парвоз муҳандиси дохили ҳавопаймо идораву назорат
мекунад. Аз ин лиҳоз, вазифаи муҳандисии ҳавопаймо
хеле пурмасъулият мебошад. Аслан, ҷорӣ намудани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё