Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Ҳамчунин Файзулло-ака таъкид намуд, ки самтҳои асосии фаъолияти ширкати таъминоти сӯзишворӣ ин дастрас ва захира намудани сӯзишвории авиационӣ, бо сӯзишвории авиационӣ таъмин кардани ҳавопаймоҳо, ташкили таъминоти сӯзишвории авиационӣ ва дигар маҳсулоти нафтӣ аз корхонаҳои коркарди нафт ва ҳамчунин назорати сифати маҳсулот мебошанд. Ҳамаи ин корҳоро бояд бо сифати баланд ва сари вақт анҷом дод. Бо сӯзишворӣ таъмин намудани ҳамаи ҳавопаймоҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини коргоҳи мо мебошад. Ширкати таъминоти сӯзишворӣ мураттаб кор мекунад. Бояд бигӯем, ки дар ҳар як давра сифат ва ченаки (параметрҳо) сӯзишворӣ бодиққат назорат карда мешавад. Якчанд сатҳҳои назорат вуҷуд доранд, ки дар озмоишгоҳи (лаборатория) корхона гузаронида мешавад.

Зимни суҳбат, Файзулло Расулов аз таърихи корхона сухан ронда, гуфт, ки ширкат дар марҳилаи аввали ташкилёбиаш ба душвориҳои зиёди истеҳсолӣ, ташкилию хоҷагидорӣ рӯ ба рӯ гардид, вале имрӯзҳо бо талошу заҳматҳо тамоми ин мушкилиҳо бартараф гардидаанд.

Ва дар ҳамаи ин рушду нумуъи корхона саҳми Файзулло Расулов беандоза аст. Бо вуҷуди ин,

пешина
аз 275
навбатӣ