Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

РОҲ БА СӮИ САМО АЗ ЗАМИН
ОҒОЗ МЕШАВАД...

Бале, барои парвоз ба осмон маҳз дар замин ҳазорон кори душворро анҷом додан лозим. Нақши фурудгоҳ дар ин масир ва онҳое, ки дар он фаъолият доранд, беназир аст...

Давлатшо Шобутолибов яке аз чунин ашхосест, ки солҳои тӯлонӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ба ҳайси муовини аввали директори генералӣ фаъолият дорад.

Воқеан, барои як инсони дар рустои кӯҳистон бавоярасида фатҳи қуллаи баланди зиндагӣ ва аз коргари оддӣ то ба вазифаи муовини аввали директори генералӣ таъин гаштан кори осон набуд. Вале Давлатшо Шобутолибов тавонист, тамоми зинаҳои душвори кори авиацияро тай намуда, муовини аввали директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» - ро ба зимма гирад.

Ба хотири он ки соҳиби касбу обрӯ гардад ва
қуллаҳои баланди зиндагиро тай кунад, Давлатшо
-ака роҳи пурпечутоби тӯлониро паси сар карда,
баъди фориғ шудан аз таҳсил дар мактаби таҳсилоти
миёнаи умумии ба номи Шириншоҳ Шохтемури

пешина
аз 275
навбатӣ