Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
фазои озод мисоли тайр парвоз намуд. Сараввал ҳамчун ҳалабони дуюм парвоз мекард, бо як ҷаҳон хурсандӣ. Вақте ки ҳавопайморо худаш идора мекард, ин бароиш рӯзи хотирмон буд. Ба фазои озод баромада, ҳаяҷону хурсадӣ саропои баданашро фарогир буд. Дар фазои кушоди нилгун мисоли парранда озодона бол мекашид ва шукргузор аз он буд, ки ба ормони хеш расид. Дар хатсайрҳои ҳавоии гуногун парвозҳоро иҷро менамуд. Сипас, ба зодгоҳаш, ба диёри афсонавие, ки айёми наврасияш дар болои дарахтон орзуи парвоз карданро дар замир мепарварид, парвоз менамуд. Баҳром он рӯзро то охирин нафас дар ёд дошт ва ҳамеша онро ба ёрону фарзандон ва хешону наздиконаш нақл мекард. Нақл мекард, ки чӣ сон аз боло диёри афсонавиашро наззора мекард.
- Тамошои диёри азизам аз боло бароим як ҷаҳон ҳаловат мебахшид, - мегуфт Баҳром. Баҳром Саидмамадов аввал ҳамчун лётчик ва баъд аз соли 1937 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба ҳайси авиатехник кор мекард. Сипас, аз соли 1946 то соли 1965 Сардори автобазаи 50-и шаҳри Хоруғ шуда кор мекард. Баъдан, дар ноҳияи дурдасти Мурғоб дар автобаза ба ҳайси сардор кор мекард ва то ба нафақа баромаданаш дар ПМК - Селстрой ба ҳайси механик фаъолият дошт. Ӯ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо