Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

РОҲБАРИ КОРДОНУ
ҲАЛАБОНИ БЕҲТАРИН

Бо ин марди соҳибдил бори дуввум аст, ки вомехӯрам. Бори аввал даҳ сол пеш буд. Яъне вақте мавод барои навиштани китоб бахшида ба 90 - умин солҷашни соҳаи авиацияи Тоҷикистон ва ин ҳангом, ки мавод барои нашри дуввуми китоб бахшида ба ҷашни солрӯзи авиация омода мекардам...

Чӣ аҷиб. Воқеан, хизмати ҳалол ба халқу ватан аз хотираҳо зудуда намешаваду пас аз солҳо низ аз назарҳо дур намемонад ва мондагор аст.

Ботур Ахмедовро дар соҳаи авиация ҳама мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд. Зеро ӯ собиқадори соҳа асту барои хизмат ба халқ кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода. Ботур-ака 25 феврали соли 1953 дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1973 Омӯзишгоҳи ҳавопаймоии шаҳри Кременчугро дар Украина ба итмом расонда, моҳи октябри ҳамон сол ҳамчун ҳалабон ба кор шурӯъ намуд. Солҳои аввал фақат дар ҳавопаймоҳои хурд ҳамчун ҳалабони дуввум парвозҳоро дар самти Хуҷанд - Самарқанд - Хуҷанд ва Хуҷанд - Исфара анҷом медод. Соли 1981 аз ҳавопаймои хурд ба ҳавопаймои Ан-24 ва баъдтар ба ҳавопаймои Ан-26 гузашта, шумораи

пешина
аз 275
навбатӣ