Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ПАЙРОҲАҲО ДАР САМО
(Ё худ сухане чанд аз фаъолияти намояндагии
ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии»
дар Тоҷикистон)
Мусаллам аст, ки авиатсия бе ҳамкорӣ бо дигар соҳаҳои марбута рушд намеёбад. Пешрафти бонизоми он дар ҳамгироӣ бо дигар мақомоту ширкатҳо ба амал хоҳад омад. Тавассути анҷоми корҳои муштарак бо дигар мамолик ва соҳаҳои ба он вобаста ҷуғрофияи парвозҳо васеъ ва сифати хизматрасониҳо сатҳи баландро касб менамоянд.
Кишвари мо бо бисёр ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дораду давоми солҳо ин ҳамкориҳо вусъати тоза ёфтанд. Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин ширкатҳо «Уральские авиалинии» - и Россия (Ural Airlines) мебошад, ки шурӯъ аз соли 1996 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.
Ширкати мазкур дар кишварамон намояндагӣ дорад, ки он дар шаҳри Душанбе мустақар асту сарварии онро аз соли 1997 то инҷониб, Умед Лолаев ба уҳда дорад. Вақте ба вохӯрӣ бо ин кас мерафтам, раҳравон андешаҳои бепоён дар сарам чарх мезаданд.
Меандешидам, ки шояд суҳбати мо бо ин нафар тӯлонӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо