Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Соли 1924
Соли 1925
21 октябри
соли 1929
Майи 1930
Соли 1931
Парвози ҳавопаймоҳо ба самти Душанбе - Тошканд оғоз шуд. Бо сабаби камқудрат будани ҳавопаймоҳо, ки аз минтақаҳои баландкӯҳ гузашта наметавонистанд, хатсайрҳо на мустақим, балки ба шакли ҳандасавии чоркунҷаи «Душанбе - Термиз - Самсоново - Самарқанд - Тошканд»
парвоз менамуданд. Муҳлати парвоз 10 соатро ташкил медод. Халабонҳои машҳури кишвар Эдуард Иванович Швартс, Никита Игнатевич Баранов, Виктор Григорович Левченко, Маврикий Трофимович Сплетнев, Рашидбек Ахриев, Пётр Тихонович Комаров, Михаил Семёнович Семёнов, Александр Степанович Демченко ва дигарон аз аввалин кашшофони роҳҳои нилгуни Тоҷикистон буданд.
Дар ҷумҳурӣ якчанд хатсайр барои парвози ҳавопаймоҳои санитарӣ боз шуданд. Моҳи январ аз Когон (наздикии Бухоро) ба Душанбе аъзои Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳавопаймо омаданд.
Аввалин парвоз бо ҳавопаймои «Ф - 13» ба Помир иҷро гардид, ки халабонони он Никита Игнатевич Баранов ва бортмеханикаш Александр Иванович Велмер буданд, ки онҳоро бо ордени Ситораи Сурх сарфароз гардонданд.
Феврали 1930 КМ ПК Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар дар назди ниҳодҳои болоии авиасияи гражданӣ роҷеъ ба сохтмони фурудгоҳ дар Душанбе масъала гузоштанд ва барои бунёди он аз буҷаи ҷумҳурӣ 100 ҳазор рубл ҷудо карда шуд.
Бо мақсади таъсиси базаи доимӣ аз Тошканд ду ҳавопаймои «Ф-13» бо гурӯҳи халабон дар Душанбе фуруд омаданд ва ба ин васила сурат гирифтани узели ҳавопаймоии Тоҷикистон дар хатҳои ҳавоии Осиёи Марказӣ анҷом ёфт. Аввалин халабонҳои он Новиков, Сатсевич, А. Игнатов, Апрелев, Устинов, Лепиксон, М. С. Семёнов, бортмеханикҳо - Ф.
Моторин, М. Штангелмейер ва дигарон буданд.
Ба Ленинобод, Кӯлоб, Ғарм, Панҷ, Данғара парвозҳои пайваста оғоз гардиданд. Истифодаи ҳавопаймоҳо барои мубориза бо зараррасонҳои кишоварзӣ (бори аввал дар совхози Вахш 2860 гектар коркард шуд) ва корҳои аксбардорӣ ба воситаи ҳавопаймо дар минтақаҳои ҷанубиву шимоливу марказӣ ва водиҳои ҷумҳурӣ оғоз ёфтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо