Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Соли 1998

Оғози таҷдиди аэровокзали фурудгоҳи Душанбе. Аз рӯи меъёрҳои ИКАО ва бо навтарин системаи парвозиву таҷҳизот таъмин намудани киштиҳои ҳавоӣ. Дар Академияи ҳавопаймоии граждании Қазоқистон барои муассисаи ҳавопаймоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани аввалин хатмкунандагон - танзимгарони УВД. Идораи ҳаракати ҳавоӣ Гуруҳи нахустини халабонҳо ва штурманҳои оянда барои таҳсил ба Академияи ҳавопаймоии граждании Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шуд.

Соли 1999

75-солагии муассисаи ҳавопаймоии граждании Тоҷикистон. Азнавсозии фурудгоҳи Душанбе - сохтмони дарвозаҳои шарқӣ. Парвозҳо ба Аврупо ва мамолики назди Баҳри Миёназамин. Хатми дуюми танзимгарони УВД дар Академияи ҳавопаймоии граждании Қазоқистон барои муассисаҳои ҳавопаймоии граждании Тоҷикистон.

Солҳои
1999-2000

Азнавсозӣ ва ба истифода додани аэродром (ВПП) дар Хуҷанд. Харидани ҳавопаймои АН- 24 (47502) барои муассисаи ҳавопаймоии Суғд.

Соли 2001

Табдили роҳбарияти Ширкати давлатии ҳавопаймоии граждании Ҷумҳурии «Тоҷикистон». Муттаҳидшавии тамоми нақлиётчиёни ҷумҳурӣ. Таъсиси Инспекцияи нақлиётӣ дар назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2002

Сохтмони маҷмааи варзишию солимгардонии «Фурудгоҳ» дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд.

Соли 2003

Парвозҳои аввалини Ту - 154 М ба Амрико, Ҷопон, Малайзия. Табдили роҳбарияти Ширкати давлатии ҳавопаймоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикистон».

Соли 2004

Ҷудошавии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» аз Вазорати нақлиёт. Таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикистон». Таҷлили 80-солагии авиацияи граждании Тоҷикистон. Омодагӣ ба истифодаи ҳавопаймоҳои Боинг, Аэробус ва ғайра.

пешина
аз 275
навбатӣ