Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ
НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН - СОХТОРИ КАЛИДИИ
СОҲА

Мусаллам аст, ки ташаккули фаъолияти соҳаи ҳавопаймоӣ маҳз солҳои соҳибистиқлолии кишварамон оғоз гашт. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиацияи граждании Тоҷикистон чун соҳаҳои дигар, сол аз сол рушди тоза ёфта, ба хотири хизмати шоиста ба мардум тадбирҳои муассиру муфид андешида шуд, ки минбаъд дар миёни кишварҳои мутараққӣ ҷойгоҳи хоси худро касб кард.
Таъсиси Агенттии авиацияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми мантиқии ин ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат баҳри рушди соҳа мебошад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 596 аз 29 декабри соли 2017 Агенттии авиацияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва аз ин рӯз дар таърихи авиацияи тоҷик саҳифаи нав боз гардид.

Моҳи феврали соли 2018 директори ин мақомоти навтаъсис Икром Субҳонзода ва муовини ӯ Азиз Набизода таъин гардида, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Сипас, аз 10 июни соли 2022 то 6 майи соли 2024 Сафарзода Дилшод Файзалӣ ба ҳайси Директори Агентии авиатсияи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамуд. Баъд 6 - уми майи соли 2024 Назарзода Ҳабибулло Темур Директори Агентии авиатсияи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бояд таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба пешрафти фаъолияти ин соҳаи муҳими стратегӣ диққату эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд. Сохтори алоҳидаи давлатӣ - Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳамаи фурудгоҳҳои хурду калон, ширкатҳои авиатсионӣ ва корхонаю муассисаҳои зерсохтори он назорат ва танзим менамояд. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, аз оғози фаъолият то ба имрӯзҳо як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст.

Дар давоми солҳои охир соҳаи авиатсияи граждании кишвар мувофиқи талаботи замон пеш рафта, ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат табдил ёфт. Дар ин муддат, бо мақсади густариш ва тавсеаи ҳамкориҳо бо мақомоти авиатсионии кишварҳои хориҷии ба мо дӯст, ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ, афзоиш додани хатсайрҳои байналмилалӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар замони Шӯравӣ авиаторони тоҷик танҳо дар дохили мамлакати бузурги Шӯравӣ парвозҳои тайёраҳоро дар хатсайрҳои дохилидавлатӣ анҷом медоданд ва ҳуқуқи бо мамлакатҳои дигар ҳамкорӣ карданро надоштанд. Ҳарчанд кормандони соҳаи авиатсия дар мусофирбарӣ ва интиқоли бор фаъол буданд ва ба анҷом додани корҳои гуногун дар соҳаи кишоварзӣ низ фаъолона ширкат меварзиданд, аммо ягон амалро мустақилона ба анҷом расонда наметавонистанд.

Имрӯзҳо бошад, авиатсияи граждании тоҷик низ чун дигар соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ рӯ ба рушду тараққӣ дорад. Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ асосан дар замони Истиқлоли кишвар тақвият ёфта, бо кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шуда, парвозҳо роҳандозӣ гардиданд.

пешина
аз 275
навбатӣ