Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

вазифаҳои ҳайати авиатсионӣ тарбия менамоянд ва ташкили таҳияи талаботи сертификатсионӣ ба ҳолати саломатии мутахассисони авиатсиониро ва ғайраҳоро ба зимма дорад.

Раёсати танзим ва стандартҳо бошад, бо шуъбаҳои танзими парвозию техникӣ ва шуъбаи танзими фурудгоҳҳо, аэронавигатсия ва иҷозатномадиҳӣ, вазифаҳои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҳавопаймоҳо, ки ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавой ва намудҳои дигари хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои амнияти парвозҳо, таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодаи парвозӣ ва техникии ҳавопаймоҳои авиасияи гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбат ба ҳайати авиатсионӣ, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки тартиби фаъолияти авиасияи гражданиро муайян мекунанд, таҳия менамояд ва онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба роҳбарияти Агентии авиасияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ҳамчунин, дар доираи салоҳияти худ иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, амалӣ гардидани санадҳо оид ба таъмини бехатарии парвозҳо ва истифодаи онҳоро дар авиасияи гражданӣ, фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, истифодабарандагони фазои ҳавой ва дигар муассисаҳои дар соҳаи авиасияи гражданӣ

пешина
аз 275
навбатӣ