Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

фаъолияташ дар назди КВД «ТАН» масъул мебошад. Сохтори ташкили филиали КВД «ТАН» дар Хуҷанд аз ҳайати ёрирасон, хадамоти ХҲХ, хадамоти ТРТП ва АБА ва ИАМШ иборат аст.

Дар ҳайати ёрирасони филиал дар шаҳри Хуҷанд 15 мутахассис, яъне директори филиал, коргузор, котиби роҳбар, муҳандиси ҲМ ва ТБ, мудири хоҷагӣ, механик, 5 ронандаи автомобил, боғбон ва 3 рӯбучингарони БИваХ кор ва фаъолият мебаранд. Ҳар як корманд уҳдадориҳои худро дорад. Аз ҷумла, вазифаи коргузор тартиби бақайдгирии ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва воридотӣ, асосҳои ташкили коргузорӣ, тартиби гардиши ҳуҷҷатҳо ва ғайраҳо. Вазифаи котиби роҳбар чунин аст, усулҳои коркард ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, қоидаҳои чопи номаҳои расмӣ бо назардошти стандарт, гуфтушуниди телефонӣ ҳангоми набудани директор, барои имзо пешниҳод намудани ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва ғ., уҳдадории муҳандиси ҲМ ва ТБ риоя намудани қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифзи меҳнатро дар Филиал таъмин намуда, саривақт гузаронидани дарсҳо оид ба ҲМ ва ТБ, санҷиши дониши кормандон аз рӯи талаботи ҳифзи меҳнат ва техникии бехатарӣ, қоидаҳои истифодабарии техникӣ ва тафтиш кардани ҳолати техникии биноҳо, иншоот ва ҳолати санитарияи истеҳсолӣ, уҳдадориҳои

пешина
аз 275
навбатӣ