Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ками ҳавопаймоҳо зарурати таъсиси Хадамоти махсуси идоракунии марказонидашудаи парвозҳо аз замин вуҷуд надошт. Баъдан, дар баробари зиёд шудани шумораи парвозҳо, зарурати таъсиси чунин хадамот, ки бо истифода аз дастовардҳои техникии ҳамон давра ҳаракати тайёраҳоро тавассути хатсайрҳо танзим мекард, ба миён омад.

Акнун, новобаста аз таҷриба ва кордонӣ барои экипаж мустақилона идора кардани ҳавопаймо мушкил буд ва хатарҳои зиёдро дар пай дошт.

Танҳо хадамоти махсуси авиасионӣ метавонист пайдарпай ва вақти фосилавии парвози ҳавопаймоҳоро дуруст муайян кунад, онҳоро дар ҳаво тавре тақсим намояд, ки аз як тараф бархӯрди хавфноки ҳавопаймоҳо рух надиҳад ва аз тарафи дигар, масофа байни онҳо хеле кам карда шавад ва ба ин васила самаранокии истифодаи фазои ҳавой таъмин гардад. Пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳз ҳамин хадамот бо фармоиши сардори Раёсати Флоти ҳавоии граждании Тоҷикистон аз 15 майи соли 1945 таҳти №129 таъсис ёфта, он «Хадамоти идораи ҳаракати ҳавой» номида шуд. Дарҳол ба он аскароне, ки аз фронт ба ватан баргашта буданд, шомил шуданд. Инчунин, дар соли 1945 аз ҷониби Раёсати Флоти ҳавоии граждании

пешина
аз 275
навбатӣ