Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

авиатсионӣ-химиявӣ бист баробар афзуд. 28 феврали соли 1960 дар таърихи рушди авиацияи гражданӣ саҳифаи тамоман нав кушода шуд, ки ин нахустин маротиба фуруд омадани ҳавопаймои турбовинтии Ил-18 ба фурудгоҳи Душанбе мебошад. Ҳавопаймоҳои нав, ба мисли ҳавопаймои турбореактивии Як-40 (1969) ва турбовинтии Ли-24 (1968) имкон доданд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳои авиатсионии маҳаллӣ хеле беҳтар карда шавад.

3 марти соли 1960 дар комплекси аэровокзал, яъне ҳозира фурудгоҳ, хати парвоз ва фуруд омадани тайёраҳо ба истифода дода шуд. Баъди 4 сол Раёсати авиацияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити нави идоракунӣ ва банақшагирӣ гузашт. Аз ҷиҳати самарнок истифода бурдани ҳавопаймоҳои Як-40, Ан-28 дар Аэрофлоти СССР ҷои 1-умро ишғол намуд. Солҳои 1990-1991 парки ҳавопаймо ва чархболи корхона бо ҳавопаймоҳои Ил-76, ТУ-154М, чархболҳои МИ-8, МТВ-1 пурра гардид. Аввалин ретранслятори «Зардак» дар Осиёи Миёна сохта шуд, алоқаи ҳавоии байни Душанбе ва Урумчӣ оғоз гардид.

«Дастурамали нав оид ба амалӣ намудани парвозҳо», ки соли 1966 нашр шуда буд, ҷиҳати минбаъд беҳтар намудани бехатарӣ ва мунтазамии парвозҳо ҳиссаи

пешина
аз 275
навбатӣ