Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

диққати Самарқанд ва деҳоти атрофи он, боғҳо, расму ойини боғдориву кишоварзии самарқандиён сухан ронад.

Дар мавридҳои ҷудогона муаллиф ба бунёди як давраи муайяни таърихии Самарқанд, аз ҷумла дарвозаҳои Самарқанд, гузарҳои Самарқанд, ҳаммомҳои Самарқанд, бунёди шаҳри нав, таълимгоҳҳо ва ғайра бо овардани далелҳо сухан меронад. Аз ҷумла ӯ менависад:

«Дар айёми кӯдакиам (ва аз он пештар ҳам) ҳудуди Самарқанд дар назди дарвозаҳои қалъаи шаҳр, ки аз онҳо танҳо ном боқӣ монда буд, ба охир мерасид. Дар ҷануб охири шаҳр Дарвозаи Сӯзангарон, дар шарқ Дарвозаи қаландархона, дар шимоли шарқ назди Масҷиди Хизр, дар шимоли ғарб Дарвозаи Пои қабоқ, дар ғарб назди Булвари Абрамов (Абрамовский булвар) Дарвозаи Бухоро, дар ҷануби ғарб Дарвозаи Хоҷа Аҳрор буд. Ҳаммомҳои машҳури шаҳр ҳаммоми Арк, ҳаммоми Пули Сафед, ҳаммоми кӯшҳавз (ин ҳаммомро ҳаммоми Бозори сандуқ низ мегуфтанд – А.Қ.) вайрон карда нашуда буданд. Мадрасаи Шайбонихонум (шояд Шайбонихон бошад - А.Қ.), тимҳои савдои рӯ ба рӯи Регистон, бозорҳои чорвою ниҳолу коҳу ангишт (зугол), саройҳои навсохти (ба тарзи урупою маҳаллӣ) тоҷирону бойҳои шаҳр ҳанӯз аз байн бардошта нашуда буданд. Умуман шаҳр дар ҳамон тарҳе, ки дар замони Темур ва фарзандони ӯ аз вайронаҳои замони чингизиён қад барафрошта буд, вуҷуд дошт. Баъд аз он, ки русҳо дар нимаи дувуми асри XIX бар Самарқанд истило ёфтанд, дар ғарби Самарқанд шаҳри наве ба тарзи русӣ бино карданд ва он шаҳр низ номи Самарқандро гирифт. Аммо дар байни мардум ва дар баъзе китобу саёҳатномаҳо қисми қадими шаҳр «Шаҳри кӯҳна» ва қисми нав «Шаҳри нав» ном гирифт». (саҳ. 11)

Муаллиф дар бораи мардуми Самарқанд, урфу одат, дӯстиву рафоқати байни сокинони он, алалхусус забони онҳо сухан ронда менависад:

пешина
аз 315
навбатӣ