Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Миёнагии Тошканд мешаванд. Дар Донишгоҳ забонҳои арабӣ, форсӣ, англисӣ ва туркиро муҳассилин меомӯхтанд. Эшон дар асари тарҷимаи ҳолии хеш «Худоё, худро бишносам» овардаанд, ки устодонашон Михаил Степанович Андреев, Иля Павлович Петрушевский, Евгений Эдуардович Бертельс ва дигарон, ки солҳои мудҳиши ҷанг ба Тошканд омада буданд, дарсҳои асосиро ба донишҷӯён онҳо медоданд. Устод Ҳодизода роҷеъ ба ҳар устодашон бо муҳаббат ва сипосу қадрдонӣ ёдовар шудаанд, заҳматҳои онҳоро қадр кардаанд.

Устод Расулхон Ҳодизода дар ин донишгоҳ панҷ сол таҳсил намуда, берун аз дарсомӯзӣ дар шӯъбаи тоҷикии радиои Ӯзбекистон аввал ба ҳайси наттоқ ва сипас чанд муддат чун мудири шӯъба кор фаъолият намудаанд. Тавре ки эшон изҳори доштанд, «Такомули шахсӣ ва камолоти маънавии ман танҳо ба ҳаёти донишҷӯӣ маҳдуд набуд. Ҳамзамон бо таҳсили донишгоҳ корманди мустақил, эҷодкор ва ташкилгари як бахши идораи ниҳоят мӯътабар ва бонуфузи ҳаёти маданиву маънавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кумитаи радиошунавонии Шӯрои Вазирони Ҷумҳурӣ будам. Панҷ соли хизмати таҳсил дар ин коргоҳ дар рушду камоли шахсии ман, дар булуғи ақлонии ман ҷаҳони нав «таҷрибагоҳи олами сулҳу набард буд» (Худоё, Худро бишносам саҳ. 90).

Устод Расулхон Ҳодизода баъди хатми шӯъбаи шарқшиносии Донишгоҳи Осиёи Миёнагии шаҳри Тошканд бо маслиҳат ва роҳнамоии устод Садриддин Айнӣ ба Душанбе меоянд ва шомили аспирантура мегарданд. Бо маслиҳат ва роҳбарии Садриддин Айнӣ доир ба адабиёти қарни 19-и тоҷик таҳти унвони «Маъхазҳои адабиёти нимаи дувуми қарни 19-и тоҷик» рисолаи номзадӣ навишта, онро соли 1954 дар Маскав дифоъ менамоянд ва то вопасин нафас дар соҳаи

пешина
аз 315
навбатӣ