Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аспирантура таъсис дода шуд. Пас аз ин дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ барои қабули аспирантон дар тамоми фанҳо озмун эълон гардид. Ман аз ин эълон огоҳӣ ёфта, тасмим гирифтам, ки аспиранти Институти шарқшиносӣ мешавам. Соли 1963 ҳуҷҷатҳоямро омода карда, ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Академияи улуми Тоҷикистон дар риштаи шарқшиносӣ супоридам. Моҳҳои сентябр- октябри соли 1963 имтиҳонҳоро аз забони русӣ, таърихи КПСС ва ихтисос супоридам. Имтиҳони ихтисосро дар ҳузури директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон ва раиси комиссияи имтиҳон профессор Носирҷон Маъсумӣ ва дигар аъзои комиссия супорида аспиранти рӯзонаи Институти мазкур шудам.

Пас аз аспирант шудан мебоист роҳбари илмӣ дошта бошам. Ниҳоят, маслиҳат чунин шуд, ки роҳбари илмии ман бояд доктори илми филология Расул Ҳодизода таъйин карда шавад.

Тибқи қоидаи маъмул ман аспиранти рӯзонаи Расул Ҳодизода шудам. Маро бо устод Расул Ҳодизода шинос намуданд. Ман устодро ғоибона аз рӯйи асарҳояшон мешинохтам, аммо худашонро надида будам. Вақте ки бори аввал бо устод вохӯрдам аз ҳаяҷон даступо хӯрда, як каме пароканда гап мезадам, зеро дар рӯбарӯям як симои нуронӣ, шахси фозилу олим, бовиқору ботамкин, бурдбору фурӯтанро дида ба изтироб афтодам. Устод Расул Ҳодизода баъди ошно шудан бо ман саволу ҷавоб карда аз ҷумла пурсиданд, ки кадом мактаби олиро тамом кардаам, оё кори дипломӣ навиштаам ё не, кадом адабиётҳоро хондаам, саломатӣ ва ҳаёти оилавӣ дар чӣ ҳолат аст? Сипас барои фаҳмидани дониши навишторияи ман супориш доданд, ки бояд дар бораи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ китобиёт ё такризе навишта биёрам. Зуд ба китобхонаи

пешина
аз 315
навбатӣ